ҶАМЪОВАРИИ МЕВАЮ АНГУР

Сентябрь 12, 2008 13:54

Душанбе , 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ҷамъоварии мева дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ва ба корхонаҳои коркард супоридани он идома дорад. Соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ фермерӣ) – и ҷумҳурӣ мувофиқи нақша 95 ҳазору 255 тонна мева, 63 ҳазору 384 тонна ангур ҷамъоварӣ карда мешавад. Тибқи маълумоти фаврии Раёсати кишоварзии ҷумҳурӣ то 8 сентябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 34 ҳазору 938 тонна мева, 9 ҳазору 420 тонна ангур ҷамъоварӣ ва қисман ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 24 ҳазору 197 тонна мева ва 105,6 тонна ангур зиёд истеҳсол гардида аст.

Сентябрь 12, 2008 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар