ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА САР ШУД!

Сентябрь 4, 2008 11:52

Ноҳияи Ҷаббор Расулов, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар Ҷамъияти саҳомии «Пахтаи Пролетар» — и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муносибати оғози маъракаи ҷамъоварии пахта ва супурдани он ба марказҳои қабул «Корвони сафед» ташкил карда шуд. Дар маросими ботантана роҳбарони хоҷагиҳо, собиқадорони меҳнат ва пешқадамони истеҳсолот ширкат варзиданд. Ҷамъомадагонро ба ин муносибат муовини аввали сардори раёсати кишоварзӣ Рустам Раҳимов табрик намуд. Раиси ноҳия Насим Обидҷонов зикр кард, ки имсол деҳқонони ноҳия дар масоҳати 8 ҳазору 200 гектар чигит корида, ният доранд, ки ҳосили фаровон ба даст оранд. Тибқи нақша, имсол дар ноҳия 15 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки чунин ҷамъомадҳо ба муносибати оғози маъракаи ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои дигари вилоят низ баргузор гардиданд. Деҳқонони вилоят қарор додаанд, ки имсол бештар аз 170 ҳазор тонна пахта ба даст оранд. Вале дар натиҷаи камобӣ дар масоҳати 13 ҳазор гектар ниҳолҳои пахта нарӯид. Ба ақидаи мутахассисон, аз масоҳати боқимондаи 163 ҳазор гектар пахтазор камаш 105 ҳазору 114 тонна пахта ба даст овардан мумкин аст.

Сентябрь 4, 2008 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид