ҶАМЪОВАРИИ ЗИРОАТҲОИ ПОЛЕЗӢ ХУБ АСТ
Душанбе, 16 сентябр, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Вазорати кишоварзӣ зироатҳои полезӣ аз майдони 5346 гектар ҷамъоварӣ гардидааст. Боиси тазаккур аст, ки дар соли ҷорӣ кишти зироатҳои полезӣ дар масоҳати 7890 гектар гузаронида шудааст. Ҷамъоварии зироатҳои полезӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 бештар аз 299 гектар зиёд аст. Тибқи нақша имсол дар ҷумҳурӣ 121 ҳазору 621 тонна зироатхои полезӣ истеҳсол хоҳад шуд. То 15 сентябри соли ҷорӣ 95 ҳазору 421 тонна зироатҳои полезӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки ин баробари 78,4 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ҳосилнокии зироатҳои полезии ҷамъоваришуда аз ҳар гектар 178 сентнериро ташкил медиҳад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






