ҶИНОЯТКОР БЕҶАЗО НАМЕМОНАД
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Раёсати гумруки вилояти Хатлон дар давоми 8 моҳи соли 2008 баҳри пешгирии риоя нашудани қоидаҳои гумрукӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тадбирҳои самарабахш андешиданд. Аз ҷумла, дар ин давра 425 парвандаи ҳукуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноӣ ба қайд гирифта ба вайронкунандагони қоидаҳои гумрукӣ ба маблағи 113 ҳазору 27 сомонӣ ҷарима андохта, 70 ҳазору 203 сомонӣ рӯёнида ва ба буҷаи давлат ирсол карда шуд. Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз 425 парвандаи ба қайд гирифташуда 35 парванда ба шахсони ҳуқуқӣ, 75 парванда ба шахсони мансабдор ва 315 парванда ба шахсони воқеӣ марбут аст. Ҳамчунин, дар ин муддат ба маблағи 22 ҳазору 360 сомонӣ мол мусодира карда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазору 191 сомонӣ зиёд мебошад. Кормандони гумруку дидбонгоҳҳои тобеи Раёсати мазкур аз аввали соли ҷорӣ 8 килограмму 58 грамм маводи сахттаъсири героинро мусодира намуданд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо 4 парвандаи ҷиноӣ кушода шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






