ҶОИЗАҲОИ ОЗМУНИ «АДИБОНИ ҶАВОНИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ» СУПУРДА ШУДАНД

Сентябрь 18, 2008 16:57

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар, Пайрав Назаров).- Имрӯз дар Душанбе маросими супурдани ҷоизаҳои адабӣ ба ғолибони озмуни «Адибони ҷавони мамлакатҳои ИДМ» баргузор гардид. Ҷоизаҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорид. Ҷоизаҳои озмун насиби адибони ҷавони Ҷумҳуриҳои Белорусия, Украина, Озарбойҷон, Гурҷистон, Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Молдавия, Қирғизистон ва Қазоқистон гардиданд. Ҳайати доварони озмун таҳти раёсати овозхони машҳур Пӯлод Булбулӯғлӣ ғолибони озмунро муайян намуд. Дар озмун намояндагони бештар аз 10 мамлакати собиқи шӯравӣ ширкат варзид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз Тоҷикистон дар ин озмун шоира Дилором ғолиб омад ва сазовори диплом гардид.

Сентябрь 18, 2008 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд