ҶСП «БОНКИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН» ФОИДАИ ПАСАНДОЗРО ЗИЁД НАМУД

Сентябрь 24, 2008 15:28

Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз моҳи сентябри соли 2008 ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» фоидаи пасандозҳои шахсони воқеиро новобаста ба мӯҳлати он ду фоиз зиёд кард. Меъёрҳои ҳадди аксари фоидаи солонаи пасандози «Пайванд» 22 фоиз бо пули миллӣ, 20 фоиз бо доллари амрикоӣ, 20 фоиз бо евро, 21 фоиз бо рубли Русия ва аз рӯи пасандози «Баракат» 20 фоиз бо асъори миллӣ, 19 фоиз бо доллари амрикоӣ, 19 фоиз бо евро ва 20 фоиз бо рубли Русия зиёд карда шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд. Ин иқдом баҳри манфиатбахштар гардонидани пасандозҳо барои мизоҷон ва бештар ҷалб намудани пасандози аҳолӣ ба бонк андешида шуд. Бояд қайд кард, ки меъёрҳои фоизи ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» аз рӯи ҳамаи намудҳои пасандоз дар байни бонкҳои Тоҷикистон баландтарин буда, далели равшани он афзоиши мунтазами шумораи мизоҷон мебошад. ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» пешниҳодҳои мизоҷони худро ба инобат гирифта, раванди васеъ ва мукаммалгардонии шароити ҷалби мизоҷонашро идома медиҳад.

Сентябрь 24, 2008 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад