3 НОБ-И ХУРДИ ЯК ҶАМОАТ
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо, Мавҷуда Давлатзода).- Раиси ҷамоати Тусиёни ноҳияи Роштқалба Вафо Ниёзмамадов хабар дод, ки имрӯз дар ҳудуди ҷамоат 2 нерӯгоҳи хурди барқӣ-обӣ фаъолият дорад. Нерӯгоҳи хурди деҳаи Бармев 110 хонавода ва НОБ-и қарияи Нуд 48 хонаводаро бо қувваи барқ таъмин мекунад. Айни ҳол дар деҳаи Сазд бунёди нерӯгоҳи обӣ-барқии дорои 400 кВт идома дорад. Ҳамчунин, дар деҳаи Лахшик мактаби нав ба истифода дода шуд, ки 14 компютер дорад. Дар ҳудуди ҷамоати деҳот қариб 30 км қубури об хобонида шуд. Дар маркази ҷамоат Маркази саломатӣ ва дар деҳаи Девлох маркази саломатӣ бунёд ёфтанд. Айни ҳол дар деҳаи Лахшик сохтмони бинои маркази саломатӣ идома дорад, ки тибқи нақша бояд то охири соли 2008 мавриди истифода қарор гирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






