41 ТРАКТОРИ МТЗ – 82 БА ВМКБ ФИРИСТОДА ШУД

Сентябрь 4, 2008 17:15

4 сентябр 41 адад тракторҳои тамғаи МТЗ-82 бо испорҳояшон чун тӯҳфа ва ё кӯмаки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристода шуд. Чунонки қаблан иттилоъ дода будем, чунин адади трактор ва испорҳоро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни сафари кориаш ба ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистон рӯзи 20 июли соли равон тӯҳфа фармуда буд. Дарвоқеъ эҳтиёҷоти иҷтимоию иқтисодии мардуми деҳоти дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон пайваста зери назар ва ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Тавре хабар дода будем, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни сафари кориаш ба ин гӯшаи дурдасти кишвар рӯзи 20 июли соли равон 32 автобуси мусофирбар, 32 мошини ёрии таъҷилӣ, 200 компютер ва 41 трактори МТЗ-82 бо испорҳояш тӯҳфа фармуда буд. Бо дастрас шудани ин тракторҳо ҳамаи тӯҳфаҳои фармудаи Сарвари давлат ба дасти эҳтиёҷмандон мерасанд, чунки дигар тӯҳфаҳо аллакай ҳамон вақт ба шаҳру ноҳияҳои вилоят расонда шуда буданд. Ин тракторҳо мувофиқи зарурат ва ҳаҷми заминҳои корам ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақсим карда мешаванд. Ба андешаи сокинони ин гӯшаи дурдаст мардум ёд надоранд, ки дар як вақт бо ин ҳаҷм ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон техникаю таҷҳизот дастрас шуда бошад, ҳатто дар беҳтарин солҳои ҳокимияти Шӯравӣ ҳам. Изҳори умеду боварӣ карда мешавад, ки деҳқонону хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ин техникаю таҷҳизот пурсамар истифода бурда, маҳсулнокии меҳнати худро баланд мебардоранд ва дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ нақши намоёни худро мегузоранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 4, 2008 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид