АҲОЛИИ ВМКБ БО ДОРУ ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Раёсати тандурустии бунёди рушди Хазинаи оғохон қарор додааст, ки аҳолии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо доруи хушсифат таъмин намояд. Корманди раёсати мазкур Умед Назриев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки тамоми навъҳои дору ба аҳолии вилоят бо нархи хеле арзон фурӯхта мешавад. Мо, масалан даҳ дона доруи парацетамолро аз давлатҳои хориҷӣ бо нархи 1 сомонӣ харида, ба аҳолии ВМКБ ба ивази 20 дирам мефурӯшем, гуфт вай. Ҳалли масъалаи хариди дору барои аҳолии ВМКБ ба зиммаи корпоратсияи рушд ва дорушиносии Швейсария гузошта шудааст, ки бо Хазинаи Оғохон робитаи деринаи ҳамкорӣ дорад. Тамоми навъҳои дору дар озмоишгоҳи махсуси корпоратсия ҳамаҷониба санҷида мешаванд. Дору ба аҳолии ВМКБ мувофиқи рӯйхатти тасдиқнамудаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон харида ва фиристода мешаванд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






