АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО БА ВУРУДИ БЕЛОРУСИЯ БА ҲАЙАТИ РУСИЯ МУҚОБИЛ МЕБОШАД

Сентябрь 16, 2008 11:23

Президенти Белорусия Александр Лукашенко 8 сентябр зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки  воқеаҳои Қафқоз  ғайри қобили қабул будани вуруди Белорусияро ба ҳайати Русия тасдиқ намуданд. Русия дар ин маврид иттифоқчии боэътимод ва  яке аз субъектҳои ҳуқуқи байналхалқиро  аз даст медиҳад. Ба қавли А.Лукашенко ,Белорусия ва Русия бояд принсипҳои давлати иттифоқиро таҳким бахшанд.             Ба ҳайати Русия ворид шудани Белорусия на ба мо ва на ба русҳо лозим нест. Ин сабаби аз байн рафтани як давлати мустақил, аз як овоз маҳрум гардидани   Русия дар СММ ва созмонҳои дигари байналхалқӣ мегардад, гуфт Лукашенко.            Президенти Белорусия афзуд, ки  мамлакаташ ва Русия барои бунёди  давлати иттифоқӣ то имрӯз корҳои зиёдеро ба сомон расонда бошанд ҳам, ҳанӯз ба мақсад нарасидаанд. Воқеаҳои имрӯзаи ҷаҳон ояндаи наздик  роҳбарони  Белорусия ва Русияро водор месозанд, ки  ба ҳалли проблемаи ташкили давлати иттифоқӣ рӯ оранд. Ба қавли Лукашенко, муноқишаи охирин дар Қафқоз, вазъияти имрӯзаи Украина, мамлакатҳои соҳили Балтика ва  рӯз то рӯз бештар гардидани нерӯи низомии ИМА ва НАТО  дар сарҳадҳои  ғарбии ҳар ду мамлакат роҳбарони онҳоро ба ҳалли ҳамин масъала водор хоҳад сохт.            Лукашенко чунин мешуморад, ки  ҳар ду мамлакат бояд ахдномаи  иттифоқчигии ҳамдигарро иҷро кунанд. Агар мувофиқи шароити имрӯза  тағйир додани он зарур бошад, мо  ба ин тайёрем, гуфт вай.            Қайд кардан лозим аст, ки Белорусия мавқеи худро роҷеъ ба  воқеаҳои охирини  Иристони ҷанубӣ то рӯзҳои наздик муайян накарда буд. Лукашенко  чанд рӯз пеш изҳор намуд, ки  мақомоти Белорусия масъалаи эътирофи истиқлолияти Обхозистон ва Иристони ҷанубиро баъди интихоботи парлумон охири моҳи сентябр муҳокима хоҳанд кард.

Сентябрь 16, 2008 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд