БАРҚИЯИ ШОДБОШИ Э.РАҲМОН БА УНВОНИ ИСЛОМ КАРИМОВ
Душанбе, 1 сентяр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи шодбош фиристод. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Шуморо ба муносибати солгарди иди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик мненамоям. Мо ба қадри муносибатҳои деринаи таърихии дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории халқҳоямон мерасем, ки мамлакатҳоямонро дар давоми асрҳои тӯлонӣ ба ҳамдигар наздиктар месозанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи имрӯзаи равобити ҳар ду мамлакат баҳои баланд дода, кӯшиш мекунад, ки ҳамкории гуногунҷабҳаро бо мамлакати шумо хамеша густариш бахшад. Аминам, ки мо ба туфайли ҷидду ҷаҳди муштаракамон рушди ҳамешагии ҳамкориро таъмин хоҳем кард, ки ҷавобгӯи манфиатҳои куллии халқҳои ҳар ду кишвар ва омили муҳими сулҳу суботи минтақа мебошанд. Умед аст, ки мулоқотҳои мо дар Душанбе зимни маҷлиси Созмони ҳамкории Шанхай ба густариши муносибатҳо ва ҳамкориҳои кишварҳоямон такони тоза хоҳанд бахшид. Ислом Абдуғаниевичи мӯҳтарам, бо истифода аз ин имконияти мусоид, ба Шумо саломатӣ, муваффақият ва ба халқи бо мо дӯсти ӯзбек сулҳу осоиш ва шукуфоӣ орзӯ менамоям ». Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






