БАРОИ КАМ КАРДАНИ ЗАРАРИ ФАЛОКАТҲОИ ТАБИӢ
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Созмони байналмилалии Фокус ба сокинони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои пешгирӣ, то ҳадди имкон кам кардани зарари фалокатҳои табиӣ ва коҳиш додани вобастагии онҳо аз кӯмакҳои башардӯстона ёрӣ мерасонад. Созмони мазкур дар ин масъала дар Тоҷикистон бо Агентии рушд ва ҳамкории Швейсария ҳамкорӣ мекунад. Яке аз ҳадафҳои фаъолияти созмон дар Тоҷикистон огоҳ намудани аҳолӣ аз хавфи фалокатҳои табиӣ мебошад. Коршиносони созмон бо ин мақсад дар давоми ду соли охир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бештар аз 1500 машғулият, мулоқот, машварат ва вохӯриҳо баргузор сохтанд. Дар онҳо зиёда аз 20 ҳазор нафар ширкат варзид. Бояд гуфт, ки созмони байналмилалии Фокус дар Тоҷикистон 4 сол боз фаъолият дорад. Намояндагии он бо вазорати маориф ҳамаҷониба ҳамкорӣ карда, дар масъалаи пешгирии фалокатҳо табиӣ ва кам кардани оқибати онҳо дар байни талабагон корҳои зиёдеро ба сомон мерасонанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






