БАРРАСИИ НАҚШИ ЗАНОНИ АЪЗОИ ПАРЛУМОН ДАР РУШДИ ҶОМЕА
Душанбе, 3 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Нақш ва саҳми занони аъзои парлумон дар рушди ҷомеа» конфронси байналхалқӣ кушода мешавад. Конфронс бо ташаббуси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳадафи он ҳамкории доманадори парлумонҳои мамлакатҳои гуногун ва афзун гардонидани нақши занон дар ҳаёти ҷомеа мебошад. Дар конфронс занони аъзои парлумони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон ширкат меварзанд. Онҳо проблемаҳои асосии ҳаёту фаъолияти сиёсии занонро дар ҷараёни хизмати давлатиашон муҳокима хоҳанд кард.Тарҷумон — А. Қудратов.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






