БЕДИЛРО ДАР ҲИНДУСТОН НАМЕШИНОСАНД?
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ню Делӣ, Рахшанда Ҷалил).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2006 зимни сафар ба Ҳиндустон изҳори хоҳиш намуд, ки оромгоҳи шоири бузурги тоҷикзабони ин мамлакат Мирзо Абдулқодири Бедилро зиёрат кунад. Ин хоҳиш мизбононро комилан ба ҳайрат андохт. Дар Ҳиндустон ҳеҷ кас намедонист, ки Бедил кист, оромгоҳи ӯ дар куҷост ? Вақте, ки мизбонон ба ин саволҳо ҷавоб меҷустанд, Президенти Тоҷикистон дар бораи шоир ва файласуфи бузурги тоҷик аз сарзамини Муғхол ҳикоят кард, ки дар сари роҳи Матура дар як боғи харобгардида дафн карда шудааст. Ҳамон вақт ба мақомоти дахлдори Ҳиндустон супориш дода шуд, ки оромгоҳи шоир ва боғи харобгардидаю ноободро ба тартиб оранд. Муассисаҳои дахлдор атрофи боғро шитобкорона панҷара гирифта, дар болои марқади шоир тахтасанг гузошта, дар он бо панҷ забон- забонҳои тоҷикию форсу, ҳиндӣ, урду ва англисӣ номи ӯро сабт карданд. Пайроҳае, ки ба сӯи оромгоҳи шоир мерафт, дар муддати кӯтоҳ ба роҳи ҳамвори қирпӯш табдил ёфт. Дар даромадгоҳи боғ лавҳаи зебо насб карда шуд. Бояд гуфт, ки номи Бедил дар Ҳиндустон кайҳо фаромӯш гардидааст, танҳо баъзеҳо аз зиндагии шоир ва оромгоҳи харобу валангори ӯ огоҳ буданду халос. Мирзо Абдулқодири Бедил соли 1694 дар шаҳри Азимободи вилояти Патна ба дунё омадааст. Вай тӯли солҳои эҷодиёташ ҳамчун шоир ва файласуфи форсизабон шӯҳрат пайдо карда, дар Ҳиндустон мактаби шоирони форсигӯ ва сабки ҳиндиро бунёд кард. Таъсири эҷодиёти Бедил ба бисёр шоирони тоҷикзабони Ҳиндустон, аз ҷумла Мунъим, Мирзо Ғолиб ва Муҳаммад Иқбол ниҳоят калон аст. Бояд гуфт, ки Бедилро дар ватанаш фаромӯш кардаанд, вале ашъори шоирро дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ то ҳол мепарастанд. Мардуми тоҷик девони ашъори Мирзо Бедилро ҳамчун китоби муқаддас зери болишти кӯдакони навзод мегузоранд. Қисми зиёди шоирони классик ва муосири тоҷик ба сабки Бедил пайравӣ намудаанд. Яке аз онҳо шоири шаҳир Нақибхони Туғрал мебошад. Ба туфайли ёдоварии Президенти Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи шоир аз ҷониби мардуми адабиётдӯсти тоҷик Бедил боз ба мардуми Деҳлӣ баргардонида шуд. Рӯзномаи «Ню Дели» 12 августи соли 2008.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






