БОВАРӢ БА БОНКҲО
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Зиёд гардидани маблағҳои амонатӣ дар бонкҳо гувоҳи он аст, ки боварии мизоҷон ба бонкҳо рӯз аз рӯз меафзояд. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк»- и шаҳри Қӯрғонтеппа аз 1 июли соли ҷорӣ андозаи фоизи амонатҳои мӯҳлатнокро 25 фоиз муайян кард. Агар дар муддати нимсолаи аввал пасандози аҳолӣ дар дигар бонкҳо 1,9 маротиба зиёд шуда бошад, ин амал дар сарфилиали «Агроинвестбонк»- и шаҳри Қӯрғонтеппа 2,5 маротиба зиёд гардид, ки ин аз боварии мардум ба ин бонк дарак медиҳад. То охири моҳи июл маблағи умумии амонату пасандозҳо дар сарфилиали «Агроинвестбонк» ба 32,1 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 14,8 миллион зиёд аст.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






