БОЗДИДИ ОҚИЛ ОҚИЛОВ АЗ МАЙДОНИ СОХТМОНИ НБО «САНГТӮДА-1»
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 5 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба маҳалли сохтмони Нурӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди нерӯгоҳ ва маҳалли насби агрегатҳо шинос шуд. Оқил Оқилов дар ин ҷо бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори мамлакат маҷлиси ситоди кориро гузаронд. Дар он масъалаҳои ба истифода додани агрегатҳои 3-юм ва 4-уми нерӯгоҳ баррасӣ шуданд. Мутобиқи нақша бояд агрегати 3-уми нерӯгоҳ моҳи октябр ва агрегати 4-уми он моҳи декабри соли ҷорӣ ё аввали соли 2009 ба истифода дода шаванд. Маврид ба ёдоварист, ки Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» сохтмони муштараки Тоҷикистону Русия буда, аз ҷониби мутахассисони ҳар ду давлат сохта мешавад. Айни ҳол 2 агрегати ин нурӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифта, бо иқтидори 150 то 200 мегават дар як шабонарӯз кор мекунанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






