БУРДУ БОХТИ СОҲАИ РАСТАНИПАРВАРӢ

Сентябрь 22, 2008 13:55

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, соҳаи растанипарварӣ дар соли ҷорӣ ба ҳадафҳои ниҳоии худ расида натавонист. То 1 сентябри соли 2008 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) истеҳсоли ғалла ба 666 ҳазору 251 тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,2 фоиз зиёд аст. Ҷамъоварии пахта дар ин муддат ба 17 ҳазору 872 тонна, картошка 221 ҳазору 964 тонна, сабзавот 427 ҳазору 882 тонна, полезӣ 151 ҳазору 981 тонна, мева 8514 тонна ва ангур ба 38 ҳазору 96 тонна расонида шудааст, ки ин дар муқоиса ба соли 2007 мутаносибан 13,2 фоиз картошка, 12,8 фоиз сабзавот, 10,1 фоиз мева, 73,6 фоиз ангур зиёд аст. Дар соҳаи пахтакорӣ бошад 52,3 фоиз кам пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Сентябрь 22, 2008 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид