ЧАРО ТАЪМИНОТИ ҚУВВАИ БАРҚ МАҲДУД КАРДА МЕШАВАД?

Сентябрь 3, 2008 15:31

            Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Тобистони имсола барои энергетикҳои ҷумҳурӣ нобарор омад. Бо вуҷуди ниҳоят гарм шудани ҳаво маҷрои оби дарёи Вахш хеле кам гардид. Дар натиҷа дар обанбори Норак ҳаҷми зарурии об захира карда нашуд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» Раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев иттилоъ дод, якчанд муддат афзудани маҷрои дарё ва дар натиҷаи он аз меъёр зиёд шудани ҳаҷми об дар айни замон қатъ гардидааст. Ҳоло захираи об барои то нуқтаи техникӣ пур намудани обанбор 9 метру 40 сантиметр ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 метру 17 сантиметр паст аст. Ин рўзҳо дар ҳар сония ба обанбор 900 метри кубӣ об ворид мегардад, ки аз он 860 метри кубӣ барои истеҳсоли барқ хароҷот мегардад. Дар як вақт рўз то рўз маҷрои об кам шуда истодааст. Вобаста ба ҳамин вазъият, ширкати «Барқи тоҷик» як қатор чорабиниҳоро амалӣ менамояд, ки мақсад аз онҳо ҳарчӣ бештар захира намудани об ва аз ин ҳисоб дар фасли зимистон истеҳсол намудани нерўи барқ аст. Яке аз тадбирҳо аз истифодаи барқ маҳрум намудани қарздорон аст.  Дар як вақт, бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз 1 сентябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ интиқоли барқ маҳдуд мегардад. Акнун дар кишвар, ба ғайр аз пойтахт, маркази вилоятҳо, шаҳрҳои саноатӣ ва маркази ноҳияҳо шабона аз соати 22-30 то 3-30 барқ хомўш карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар маҳалҳои канории шаҳрҳо, ки ба ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот хати умумии интиқоли барқ доранд, барқ хомўш карда мешавад. Рўзона дар баъзе маҳалҳо хомўш кардани барқ ба ин маҳдудкунӣ дахл надорад.           Бояд қайд намуд, ки энергетикҳои тоҷик қарзи худро аз Ҷумҳурии Ўзбекистон ба қадри 900 миллион кв.соат баргардоданд ва имконият фароҳам оварда шуд, ки мо аз ин кишвари ҳамсоя мутобиқи шартномаи байниҳукуматӣ барқ гирем. Шартнома бо Ҷумҳурии Туркманистон низ ба имзо расид. Ҳамин тариқ, мутобиқи шартномаҳо мо имкон дорем аз Ўзбекистон ва Туркманисон то 1,8 миллиард киловатт .соат нерўи барқ гирем. Бо вуҷуди ин, ҳарчанд интиқоли барқ аз хориҷи кишвар мушкили моро хеле осон менамояд, чораи дар фаслҳои тирамоҳу зимистон пурра аз бўҳрони энергетикӣ баромадан шуда наметавонад. Аз ин рў, ягона илоҷ — ҷорӣ кардани маҳдудият мебошад. Ин тадбир барои он амалӣ мегардад, ки ҳар сантиметр оби имрўз сарфашуда дар давраи душвори зимистон мушкили мардум ва иқтисодиёти моро нисбатан осонтар намояд.          Аниқу возеҳ аст, ки маҳдуд намудан ва аз рўи лимит интиқол додани нерўи барқ аз рўи беилоҷист. Ин рўзҳо мегузаранд, итминони комил дорем, ки дар солҳои наздик, баъди амалӣ шудани пружаҳои энергетикӣ, ки кор дар онҳо дар ҳар сатҳ вусъат доранд, дар кишвари мо аз рўи лимит додани барқ фаромўш хоҳад шуд.        

Сентябрь 3, 2008 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид