ЧОРВОДОРӢ — СОҲАИ МУҲИМ
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар» , Лаззат Диловарзод).- Мутобиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, то охири моҳи июли соли ҷорӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 1 миллиону 745 ҳазору 572 сар чорвои калони шохдор, аз ҷумла 911 ҳазору 331 сар модагов , 4 миллиону 437 ҳазору 75 сар бузу гусфанд, 77 ҳазору 544 сар асп ва 3 миллиону 405 ҳазору 44 сар парранда ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 45 ҳазору 375 тонна гӯшт, 248 ҳазору 467 тонна шир, 3 ҳазору 507 тонна пашм, 280,3 тонна асал ва 6 миллиону 812 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки он дар таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти чорво ва паррранда хуб мусоидат намуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






