Д.МЕДВЕДЕВ: «СААКАШВИЛИ МАҚОМИ РОҲБАРИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ ДОДААСТ»
Маскав , 3 сентябр. ( АМИТ «Ховар» , РБК).- Президенти Русия Дмитрий Медведев зимни сӯҳбат бо кормандони воситаҳои ахбори оммавии Италия зикр кард, ки минбаъд барои мо «Президент Михаил Саакашвили» вуҷуд надорад, зеро вай мақоми роҳбарии сиёсии мамлакаташро аз даст додааст. Қайд карда шуд, ки Русия ба муҳокимаи проблемаи Гурҷистону Иристони ҷанубӣ тайёр аст. Ҷомеаи ҷаҳон бояд ба хубӣ дарк намояд, ки таҷовузро ба муқобили Иристони ҷанубӣ кӣ сар кард ва кӣ масъулияти ҳалокати ҳазорон нафар одамонро ба зимма мегирад.Президент дар бораи имконияти хориҷ намудани Русия аз ҷумлаи 8 давлати тараққикардаи саноатии ҷаҳон сухан ронда изҳор намуд, ки «гурӯҳи ҳаштгона» бе Русия амалан ягон кор карда наметавонад. Зеро масъалаҳои ҷиддии замони ҳозираро танҳо бо иштироки давлатҳои калонтарин ва абарқудрат ҳал кардан мумкин аст. Д.Медведев таъкид кард, ки Русия аз ҳар гуна таҳдидҳои хориҷ сохтани мамлакат аз «Гурӯҳи ҳаштгона» наметарсад. Вай афзуд, ки «Гурӯҳи ҳаштгона» айни ҳол низ дар бобати ҳалли бисёр проблемаҳо оҷиз мебошад. Таъкид карда шуд, ки мамлакатҳои ҷаҳон дар шароити имрӯза ба ҳамдигар вобастагии калон доранд. Ҳалли бисёр проблемаҳо ба муносибатҳои мутақобилан муфиди давлатҳо ва мамлакатҳо вобаста мебошад, гуфт Д.Медведев.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






