ДАР ДУШАНБЕ ФИЛИАЛИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ РУСИЯ КУШОДА МЕШАВАНД
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе намояндагони вазорати маорифи Тоҷикистон ва вазорати маорифу илми Федератсияи Русия дар масъалаи кушодани филиалҳои мактабҳои олии Русия дар Тоҷикистон гуфтушунид карданд. Дар натиҷаи гуфтушунид дар ин масъала нақшаи тадбирҳои муштарак тартиб дода шуд. Тибқи пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон, ояндаи наздик бояд дар Душанбе филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов, Донишкадаи энергетикии Маскав ва Донишкадаи таҳқиқоти пӯлод ва махлутҳои он кушода шаванд. Тибқи нақша, аз соли 2008 то соли 2010 дар масъалаҳои таъминоти молиявӣ, меъёрӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии кушодани филиалҳои мазкур тадбирҳо андешида мешаванд. Зикр шуд, ки дар ин бобат масъалаи таъминоти молиявӣ масъалаи асосӣ мебошад. Дар робита паймон карда шуд, ки ҷониби Тоҷикистон то охири моҳи октябр таклифу мулоҳизаҳои худро ба ҷониби Русия пешниҳод менамояд. Ҳар ду ҷониб мувофиқа карданд, ки алҳол филиали Донишкадаи давлатии истихроҷи маъдани Санкт — Петербург дар Тоҷикистон кушода нашавад. Дар ин маврид барои Тоҷикистон дар ҳамин донишкада мутахассис тайёр карда хоҳад шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин масъала муовини вазири маориф ва илми Русия Юрий Сентюрин ва вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов протокол имзо карданд. Тарҷумон — Қудратов А.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






