ДАР ДУШАНБЕ НАМОИШГОҲИ МАЪРИФАТӢ КУШОДА МЕШАВАД
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – 27 сентябр дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маърифатӣ кушода мешавад. Намоишгоҳ барои кормандони соҳаи маориф, олимону донишҷӯён, талабагон, мутахассисон ва кормандони мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Онҳо аз намоишгоҳ дар бораи барномаҳои маърифатии ҷумҳурӣ ва идомаи таҳсил дар мамлакатҳои ИДМ ва берун аз қаламрави мамлакат маълумоти муфассал гирифта метавонанд. Намоишгоҳ бо ташаббуси шӯъбаи созмонҳои байналхалқии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушод – Бунёди мадад» дар Тоҷикистон бо кӯмаки вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва созмонҳои байналхалқӣ гузаронида мешавад. Гузаронидани ярмаркаи маърифатӣ дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Намоишгоҳ аз соли 2002 сар карда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа баргузор мегардад. Онро соли 2007 қариб 3 ҳазор нафар тамошо кард.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






