ДАР ХУҶАНД БИНОҲОИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДАНД
Хуҷанд, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар шаҳри Хуҷанд 1 сентябр мағозаи нави китоби «Ганҷина» кушода шуд. Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи он раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, инчунин шоирону нависандагон, олимон ва зиёиён ширкат варзиданд. Барои сохтмони бинои мағоза 680 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Бояд гуфт, ки бинои мағоза бо маблағи яке аз соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуд. Дар ошёнаи аввали бино китобхона ва дар ошёнаи дуюми он корхонаҳои илмӣ ҷой дода шуданд. Айни ҳол мағоза дорои бештар аз 5000 ҷилд китоб мебошад. Толори хониши он барои 40 нафар пешбинӣ шудааст. Дирӯз инчунин дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи ресторани нави «Роҳат» баргузор гардид. Бинои ресторани мазкурро соҳибкори маҳаллӣ Роҳат Усмонова бунёд намуд. Дар ресторан якбора ба 220 нафар хизмат расонда мешавад. Барои сохтмони бинои ресторан бештар аз 300 ҳазор доллари ИМА сарф шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






