ДАР НОҲИЯИ БОХТАР ҚАРИБ 3 КИЛОГРАММ ГЕРОИН МУСОДИРА ГАРДИД
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бохтар дар натиҷаи аз назар гузаронидани хонаи сокини шаҳраки Москваи ҳамин ноҳия Сафаралӣ Акбарови 40-сола қариб 3 килограмм маводи нашъадорро мусодира намуданд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз назди курсии нишасти дохили хонаи С. Акбаров як халтачаи селофанӣ ёфт шуд, ки дар он 2 килограмму 800 грамм героин буд. Айни ҳол нисбати С. Акбаров парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиши он идома дорад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






