ДАР ПОЙТАХТ ҚАЛЛОБЗАН ДАСТГИР КАРДА ШУД
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии якуми ноҳияи Синои пойтахт 10 сентябр сокини кӯчаи Нахимови шаҳри Душанбе Хуршеда Ҳаитоваи 22 — соларо барои қаллобиаш дастгир намуданд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки номбурда дар Ҷамъияти саҳомии «Мовароунаҳр» сардори шӯъбаи кадрҳо шуда буда, 9 апрели соли ҷорӣ бо роҳи фиреб ба боварии истиқоматкунадаи кӯчаи Карл Маркси шаҳри Панҷакент Гулбаҳор Солеҳоваи 21-сола даромада, барои оғози сохтмони бинои бисёрошёна дар маҳаллаи «Табачка» шартномаи қалбакӣ сохта, ба номбурда ба маблағи 16 ҳазору 600 доллари ИМА зарари моддӣ расонидааст. Акнун ин амали ношоистаи қаллоб тафтиш карда мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






