ДАР СУҒД ПИВАИ ҒАЙРИҚОНУНӢ МУСОДИРА ГАРДИД
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони шӯъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунии гумрукии Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд дар деҳаи Қистақӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду мошини боркаши рақамҳои давлатиашон АК 31-38 02 РТ ва АХ 60-00 02 РТ-ро дастгир карданд, ки онҳоро ронандагон Нуриддин Аҳмадов ва Равшан Муҳаммадиев идора мекарданд. Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар бордони ҳар ду мошин 16 ҳазору 160 шиша пивои «Балтика» ва «Куллер» ёфт шуд. Маълум гардид, ки пиво ба истиқоматкунандаи деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абдуқаҳор Камолов тааллуқ доштааст. Ронандагон пиворо бе ягон ҳуҷҷати гумрукӣ ба воситаи деҳаи Аркаи Ҷумҳурии Қирғизистон ғайриқонунӣ ба таври қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карданд. Оиди ин ҳодиса парванда оғоз карда шуд ва тафтиши он давом дорад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






