ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати хизматашон ба охир расидааст ва даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ», фармон имзо кард. Мувофиқи фармони мазкур дар давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли 2008 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, Артиши марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ҷузъу томҳои мудофиаи шаҳрвандии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Гвардияи миллӣ, артиши дохилаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва полки посбонии Раёсати ислоҳоти меҳнатии Вазорати адлия, хизматчиёни ҳарбии мӯҳлати хизматашон ба охир расида, ҷавоб дода мешаванд. Мувофиқи фармони мазкур ҷавонони то рӯзи даъват ба синни 18 солагӣ расида, инчунин шахсони калонсоле, ки ба мавқуф гузоштани даъват ба хизмати ҳарбӣ ё озод кардан аз он ҳақ надоранд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, артиши марзбони Кумитаи марказии амнияти миллӣ, ҷузъу томҳои мудофиаи шаҳрвандии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Гвардияи миллӣ, артиши дохилаи Вазорати корҳои дохилӣ ва полки посбонии Раёсати ислоҳоти меҳнатии Вазорати адлия даъват карда мешаванд. Дар фармон ба Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ супориш дода мешавад, ки барои муоинаи ҳамаҷонибаи тиббии даъватшавандагон аз муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе духтурони мутахассисро сафарбар намояд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






