«ДИДОР»-И НЕКИ АТО ҲАМДАМ
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Маҷмӯаи асарҳои драмавии нависандаи маъруфи тоҷик Ато Ҳамдам «Дидор», ки чанде пеш дар нашриёти «Адиб» ба табъ расида буд, дар озмуни байналмилалии «Ҳусни китоб» ширкат намуд. Ин озмун имсол бори панҷум дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав гузаронида шуд. Дар озмун ноширони 10 ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ иштирок карданд. Намояндагони Латвия дар озмун бори аввал иштирок намуданд. Ба озмун беш аз 250 номгӯи китоб пешниҳод карда шуд. Маҷмӯаи Ато Ҳамдам «Дидор» 13 пиесаи тӯли солҳои охир эҷоднамудаи ӯро дар бар мегирифт. Ин китоб баъди баррасии ҷиддӣ дар қисмати «Муосирони мо» ба дипломи дараҷаи сеюм сазовор гардид. Дар ороиши зебо ва чопи хушсифати китоб рассоми шинохтаи тоҷик, шодравон Усмон Ашӯров ва чопхонаи муассисаи «Эр-Граф» саҳми арзанда гузоштанд. Қобили қайд аст, ки дар давоми чор соли охир ин нӯҳумин ҷоизаи байналмилалӣ аст, ки ноширони «Адиб» ба он сазовор мешаванд. 5 сентябр дар доираи намоишгоҳи 21-уми байналмилалии китоби Маскав маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон доир гардид. Ба раиси нашриёти «Адиб» Ато Ҳамдам дипломи дараҷаи сеюм дода шуд.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






