ДУЗД ДАР РӮЗИ ИД ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Коргари корхонаи «Рембиттехника» Фарҳод Усмонови 22-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакии ноҳияи Сино ба Шӯъбаи корҳои дохилии рақами дуюми ноҳияи Сино ариза дода, шикоят карда буд, ки моҳи майи соли 2007 шахсони номаълум пинҳонӣ вориди корхонаи мазкур шуда, аз он ҷо асбобҳои заргариро ба маблағи 1700 сомонӣ дуздиданд. Мувофиқи аризаи коргари дигари ҳамин корхона Дилмурод Азизмуродови 22-сола аз корхона ба маблағи 14 ҳазору 870 сомонӣ маснуоти тилло ва асбобҳои заргарӣ дуздида шудаанд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 9 сентябри соли ҷорӣ шаҳрванд Дилшод Элбекови 23-сола дастгир карда, аз ӯ далелҳои шайъӣ гирифта шуданд. Тафтиши ин воқеа давом дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






