ДУЗДОН ДАСТГИР ШУДАНД

Сентябрь 22, 2008 16:22

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Сокини кӯчаи Гастеллои пойтахт Юсуф Иброҳимови 51-сола ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур ариза дода шикоят кард, ки шахсони номаълум пинҳонӣ вориди хонаи ӯ гашта, 28 халта цементро ба маблағи 1000 сомонӣ дуздидаанд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар робита бо ин воқеа Абдурашид Аҳмадҷонови 54-сола ва Муродалӣ Ҳазратқулови 23-сола, ки пеш аз ин ҷиноят содир карда, чанд солро паси панҷараи маҳбас гузаронидааст, дастгир гардиданд. Нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, барои гузаронидани тафтиш ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода шуд.

Сентябрь 22, 2008 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид