ФАЛОКАТИ НАҚЛИЁТ ДАР АҒБАИ АНЗОБ

Сентябрь 19, 2008 15:57

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). – Дирӯз дар километри 88 – уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар мавзеи Шодмондараи ағбаи Анзоб фалокати нақлиёт ба амал омад. Дар ин ҷо мошини сабукрави «Тойота» — ро, ки се мусофир дошт, зимни ҳаракат дар роҳи ағба сангу хоки зиёд пахш намуд. Дар натиҷа ронандаи мошин онро идора карда натавонист ва он ба ҷарии чуқуриаш 30 метра сарнагун шуд. Дар натиҷаи ин фалокат ду нафар дар ҷои воқеа ҳалок шуд. Шахси сеюм бо ҷароҳатҳои вазнин ба шифохона фиристода шуд. Аз рӯи хабари дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳамаи осебдидагон сокинони ноҳияи Айнӣ мебошанд.

Сентябрь 19, 2008 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид