ФАЪОЛИЯТИ ҲАШТМОҲАИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ ГУМРУКИ ДУШАНБЕ

Сентябрь 4, 2008 14:33

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Раёсати минтақавии гумруки шаҳри Душанбе дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 706 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор намуданд. Аз ин ҷумла, 692 ҳодиса ба риоя нашудани қоидаҳои гумрукӣ ва 14 ҳодиса ба содир кардани ҷиноят марбут мебошад. Дар давоми ҳашт моҳ 57 килограмму 736,9 грамм маводи сахттаъсири «героин» ва 9 килограмм «каннабис» мусодира карда шуд. Аз 13 нафар шахсони дастгиршуда 3 нафарашон шахсони хориҷӣ мебошанд. Парвандаҳои ҷиноии онҳо барои тафтиш ба Покуратураи нақлиёти Тоҷикистон ва Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуданд. Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои риоя накардани қоидаҳои гумрукӣ 553 нафар шахсони воқеӣ, 13 нафар шахсони мансабдор ва 122 нафар шахсони ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Ба гунаҳкорон 609 ҳазору 430 сомонӣ ҷарима андохта, то имрӯз 201 ҳазору 795 сомонии он рӯёнида шуд.

Сентябрь 4, 2008 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид