ФАЪОЛИЯТИ НАМОЯНДАГИИ ФАО ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 15.сентябр (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Маркази матбуот ва иттилоти Вазорати кишоварзӣ вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов намояндаи Барномаи озуқаи кишоварзии ФАО-и Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Сукаса Кимоторо қабул намуд. Тарафҳо аз рӯи масъалаҳои ҳалли барномаҳои муштарак дар мубориза бар муқобили ҳашароти зараррасон, таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бо тухмии хушсифат, муҳофизати растаниҳо аз ҳайвонот, беҳсозии сохтори кишоварзӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Қосим Қосимов нисбат ба фаъолияти ФАО дар Тоҷикистон барои дастгирии саривақтӣ дар мубориза ба муқобили малах изҳори миннатдорӣ намуд. Сукаса Кимото дар навбати худ иброз дошт,ки Тоҷикистон дар байни 75 давлате,ки ФАО дар он ҷо фаъолият дорад аз ҷиҳати маблағгузорӣ дар ҷои 30-юм қарор дорад. Қосим Қосимов бо мақсади иҷрои қарорҳои муштараки мушкилоти умумидошта, таклиф намуд,ки ФАО намояндагии доимиашро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намояд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






