ФАРҲАНГИ МУХТАСАРИ ИСТИЛОҲОТИ ГУМРУК НАШР МЕШАВАД
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). – Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ зимни машғулиятҳо дар курсҳои кӯтоҳмуддат забони тоҷикиро низ меомӯзанд. Дар Донишкадаи такмили ихтисоси хадамоти мазкур чандин сол боз курсҳои омӯзиши забони давлатӣ амал мекунанд. Барои гузаронидани машғулиятҳо омӯзгорони варзидаи мактабҳои олӣ даъват шудаанд. Дар хадамоти гумруки ҷумҳурӣ қарор дода шудааст, ки барои расондани кӯмак ба мутахассисони соҳа фарҳанги мухтасари истилоҳоти гумрук ва маълумотнома чоп карда шаванд. Ин ба омӯзиши хушсифати забони давлатӣ мусоидат менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






