ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қатъиян мань кардани ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н м е д и ҳ а м :1. Ҷамъоварии шираи камол дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва содироти он қатъиян манъ карда мешавад. 2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:- ҷиҳати коркарди пурраи маҳсулоти дар айни замон ҷамъоваришудаи шираи камол ва содироти он дар шакли маводи ниҳоии тайёр тадбирҳои зарурӣ андешад;- масъалаи харидорӣ намудани таҷҳизоту технологияи заруриро бо мақсади минбаъд ба роҳ мондани истеҳсоли доруворӣ аз шираи камол, инчунин васеъ кардани майдони кишти растании камолро дар минтақаҳои мутобиқи мамлакат баррасӣ намояд;- дар муҳлати се моҳ лоиҳаҳои қонунҳоро дар хусуси ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ҷиҳати муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва пурзўр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои ҷамъоварии ѓайриқонунии шираи камол таҳия ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Рахмон ш.Душанбе19 сентябри соли 2008№ 545








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






