ГУРӮҲИ ТАШВИҚОТИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАДОР ДАР ВМКБ

Сентябрь 13, 2008 10:49

            Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар»,Мавҷуда Давлатзода). — Гурӯҳи ташвиқотии Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ сохтани барномаи тадбирҳои пешгирии истеъмоли маводи нашъадор, паҳн гардидани он ва пурзӯр намудани мубориза ба муқобили нашъамандӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристода шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки барнома гузаронидани тадбирҳои маърифатию пешгирикунанда, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, амалӣ сохтани тадбирҳои пешгирикунандаи истеъмоли маводи нашъадор ва ғайраро пешбинӣ менамояд. Барнома дар асоси дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ тартиб дода шудааст, ки зимни сафарҳояш ба ВМКБ дода буд.           Аъзои гурӯҳи ташвиқотӣ дар давоми се ҳафта ба ҳамаи маҳалҳои аҳолинишини вилоят сафар карда, дар байни аҳолӣ корҳои ташвиқотӣ мебаранд. Ба гурӯҳ мутахассисони Агентии назорати маводи нашъадор, духтурон, намояндагони вазорату идораҳо, воситаҳои ахбори оммавӣ ва ҳунарпешагон шомиланд.                                                                                                                                          Тарҷумон — Қудратов А.  

Сентябрь 13, 2008 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид