ХАТЛОН БОЗ ПЕШ РАФТ

Сентябрь 25, 2008 10:23

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Тибқи маълумоти фаврии аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба даст омада, пахтакорони вилояти Хатлон ҳафтаи равон нақшаи ҷамъоварии пахтаро аз 45 фоиз зиёд хоҳанд кард. То 22 сентябр дар ин вилоят 138 ҳазору 999 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин баробари 41,9 фоизи нақшаи солонаи пахтатайёркунӣ мебошад. Ҳар рӯз дар ҷамъоварии пахта бештар аз 142 ҳазор нафар чинакчиёну ёрдамчиён ба кор баромада, ба миқдори 5 ҳазор – 5 ҳазору 400 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд, ки ин барои ҷамъоварии саривақтии пахта дар соли ҷорӣ мусоидат хоҳад кард.

Сентябрь 25, 2008 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид