ХОҶАГИҲО БА ТЕХНИКА ТАЪМИН МЕШАВАНД
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод.- Аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тибқи шартнома Корхонаи воҳиди давлатии «Агролизинг» аз заводи тракторбарории Ҷумҳурии Белорусия 42 адад трактори тамғаи МТЗ — 82 ба ҷумҳурӣ ворид намуд. Ҳамаи тракторҳои воридшуда ба корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқони (фермерӣ) – и вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба тариқи лизингӣ дода шуданд. Ин тадбир имконият медиҳад, ки ҳамаи хоҷагиҳо дар вилоят бо трактор таъмин шуда, шудгори заминҳо ва кишти тирамоҳиро сари вақт анҷом диҳанд ва барои соли 2009 заминаи мусоиди фаровонҳосилӣ гузошта шавад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






