ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «БЕДИЛ»

Сентябрь 10, 2008 11:38

Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Раёсати кишоварзии ноҳияи Файзобод шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ сол аз сол зиёд мегардад ва онҳо дар ғанӣ гардони- дани иқтисодиёти кишвар саҳми бештаре мегузоранд. Хоҷагии деҳқонии «Бедил», ки дар деҳаи Мӯъминободи ноҳияи Файзобод бунёд ёфтааст 5- сола шуд. Хоҷагӣ дар масоҳати 0,5 гектар боғ, дар 3 гектар ғалла дар як гектар картошка ва дар 0,5 гектар сабзавот кишт намуда, аз ҳар як гектар 15,3 сентнерӣ ғалла ,- 250 сентнерӣ картошка ва 70 сентнерӣ ҳосили сабзавот ҷамъоварӣ намуд, ки ин дар миқёси ноҳия ҳосили баланд аст. Сардори хоҷагии мазкур Қувват Раҳмонов аз ҳисоби маблағи ба даст овардааш собиқадорони ҷангу меҳнат, ниёзмандон ва омӯзгорони деҳаашро дастгирӣ намуда, дар ободии диёр саҳмгузорӣ мекунад.

Сентябрь 10, 2008 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд