ХОДИМОНИ САНЪАТИ ТУРКМАН ДАР КОНСЕРВАТОРИЯИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 17 сентябр (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).- Дар доираи Форуми зиёиёни эҷодкори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, имрӯз ходимони намоёни санъати Ҷумҳурии Туркманистон ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ташриф меоранд. Онҳо бо фаъолияти консерватория шинос шуда, бо устодону донишҷӯёни ин таълимгоҳи олии санъат сӯҳбат мекунанд. Устодону донишҷӯён барои меҳмонон барномаи консертиро пешкаш менамоянд. Дар доираи Форум инчунин рӯзи 19 сентябр дар консерватория дарси маҳорати (мастер-класс) роҳбар ва сардирижёри оркестри синфонии Филармонияи давлатии академикии шаҳри Маскав, профессор Юрий Симонов баргузор мешавад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






