ИБРОҲИМ УСМОНОВ 60 – СОЛА ШУД
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 10 сентябр ба муносибати 60 – солагии рӯзи таваллуди арбоби намоёни илму техникаи Тоҷикистон, профессор, доктори илми таърих, мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон Иброҳим Усмонов конфронси илмӣ баргузор гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки И. Усмонов факултаи журналистикаи донишгоҳи мазкурро хатм карда, таҳсилро дар шӯъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов давом додааст. Профессор Асадулло Саъдуллоев ба ҷамъомадагон дар бораи саҳми И.Усмонов дар пешрафти соҳаи журналистика ва омода сохтани кадрҳои ҷавон нақл кард. Бахшида ба ҷашни зодрӯзи И.Усмонов маҷмӯаи мақолаҳо таҳти унвони «Озодамард» аз чоп баромад. Дар он хабару мақолаҳои шогирдону ҳамкорон ва сиёсатмадорони мамлакат дар бораи фаъолияти илмию эҷодии Иброҳим Усмонов гирд оварда шудаанд. Аз соли 1993 узви раёсати Ассотсиатсияи байналхалқии журналистон ва аз соли 1974 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






