ИДИ РАМАЗОН ОМАДУ МОҲИ РАМАЗОН РАФТ

Сентябрь 30, 2008 08:27

     Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бурҳониддин Каримзода).- Пагоҳ, 1 октябр бо анҷомёбии моҳи Шарифи Рамазон, мусулмонони дунё иди саиди Фитрро таҷлил мекунанд. Дар Тоҷикистон низ ҳар сол ин ид, ҳамчун иди расмии давлатӣ, ба таври васеъ, бо иҷрои тамоми суннатҳо таҷлил мегардад. Чунин шароит ба шарофати Истиқлолияти кишвар, сулҳу суботи ҷомеа ба вуҷуд омадааст ва ҳар сол дар арафаи ду иди бузурги исломӣ -Фитр ва Қурбон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро муборакбод намуда, мардумро ба иҷрои амалҳои хайр даъват менамояд. Аз ҷумла дар табрикоти имсола, Сарвари давлат оид ба фазилати моҳи шарифи Рамазон ва оини наҷиби дини Ислом чунин таъкид кардааст: «Фармудаҳои шариат дар мавриди рӯзадорӣ — ин рукни муҳими бинои мусулмонӣ гувоҳи онанд, ки таълимоти ислом саршори ғояҳои эҳсону накӯкорист: ҳусни муошират бо аҳли хонадон, улфату муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморону нотавонон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону бечорагон, ёди хайр аз гузаштагон.       Одоби исломӣ ҷавонмардиву олиҳимматӣ, гузашт кардан ва бахшидан аст, интиқом наҷустан аст, кинаву адоват ва хусумат надоштан аст, бурдборӣ ва мадорост, чеҳраи хандон ва оғӯши кушод, сипосгузорӣ ва қадрдонӣ, азхудгузаштагӣ, аз манфиати худ боло гузоштани манфиатҳои ҷомеа ва миллату давлат, раҳоӣ аз банди ҳавову ҳавасҳост. Ислом покиву парҳезгорӣ аст, илму адаб ва панду насиҳат аст.» Ин аст, ки мусулмонон аз рафтани моҳи мубораки Рамазон, ки пур аз хайру баракат ва раҳмат аст ғамгин ва омадани иди саиди Фитр хурсанд мешаванд ва ин чиз дар сатрҳои зерин ифода ёфтааст, ки вирди забонҳост: Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт, Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.       Дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон иқдоми навбатии Президенти мамлакат боиси дастгириву рӯҳбаландии мусулмонон ва тамоми маърифатдӯстони кишвар гардид. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардид. Доир ба хизмати бузурги ин шахсияти маъруф, пешвои мазҳаби ҳанафӣ Сарвари давлат зимни паёми табрикии хеш таъкид кардааст: «Пешвои мазҳаб Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки бо лақаби Имоми Аъзам шӯҳраи офоқ гаштааст, бунёдгузори илми фиқҳ буд. Ҳамаи имомони дигар мазҳабҳо ба пешвои дин будани Имоми Аъзам қоиланд ва фазлу мартабаи ӯро эътироф кардаанд. Чунончи, яке аз пешвоёни мазҳаб — имом Шофеӣ гуфтааст: «ҳар касе бихоҳад фиқҳро биёмӯзад, бояд ба Абӯҳанифа ва ёронаш муроҷиат кунад, зеро ҳамагон ба фиқҳи ӯ ниёз доранд».       Имрӯз гиромидошти мазҳаби ҳанафӣ, гиромидошт ва арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва умумибашарӣ аст. Зеро аз як сӯ, аксарияти мардуми мусулмони кишвари мо аз оғози мушарраф гаштан ба дини мубини ислом ниёзҳои эътиқодии худро маҳз аз дидгоҳи ҳамин мазҳаб қонеъ мегардонанд, аз сӯи дигар, мазҳаби ҳанафӣ дар тӯли таърихи 1300-солаи худ дар саросари рубъи маскун дар байни миллату халқҳои гуногун густариш ва интишор ёфт. Алҳол аксари мусулмонони суннимазҳаби Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Покистон, Индонезия, Бангладеш, Ироқ, Сурия, Миср, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ғайра дар ҳалли масоили шаръӣ аз рӯи фармудаҳои фиқҳи ҳанафӣ амал мекунанд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки мазҳаби Имоми Аъзам дар воқеъ ҳам чароғи тобону дурахшон ва роҳнамои мусулмонон дар саросари ҷаҳон мебошад.» Инак, пагоҳ мардуми шарифи Тоҷикистон низ бо шукргузорӣ аз айёми истиқлолу амонӣ ва рӯҳбаландӣ аз гуфтаҳои Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди саиди Фитрро таҷлил мекунанд.      Одатан мардум дар ин рӯз барвақт аз хоб хеста, шустушӯ карда, худро тозаву озода менамоянд, хушбӯиҳо мезананд ва барои рафтан ба идгоҳ омодагӣ мегиранд. Ҳануз, ба қавле чашми рӯз накафида, садои кӯдакон баланд мешавад: «Ид муборак, ид муборак!» Онҳо бо сару либоси нав ва чеҳраҳои болида ба ҳавлиҳо ворид мешаванд ва бо дили поку самимият идро табрик мегӯянд, ба онҳо соҳибхонаҳо шириние тақдим менамоянд. Дар ин рӯз масҷидҳо аз намозгузорон пур мешаванд. Бо тулӯи хуршед мардуми мусулмон ду ракаат намози идро ба ҷо меоранд. Баъд аз намоз яке аз суннатҳои ид зиёрати оромгоҳи гузаштагон ва дуову дуруд фиристодан аст. Инчунин аёдати падару модар, хешу табор, ҳамсояҳо, меҳрубонӣ ба якдигар аз ҷумлаи суннатҳои имрӯз аст. Дар ин рӯзи босафо самимияту дӯстии миёни одамон дучанд мешавад. Таманно мекунем, ки чунин муносибот ва шодиву нишот дар зиндагии мову шумо зиёд бошад. Ид муборак!

Сентябрь 30, 2008 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад