ИШТИРОКИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН ДАР ФОРУМИ СЕЮМИ ЗИЁИЁНИ ЭҶОДКОР ВА ИЛМИИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ

Сентябрь 18, 2008 17:25

Имрўз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ  ба кори худ оғоз намуд. Кори Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил субҳи имрўз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бўстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дараи зебоманзар ва хушбодуҳавои  Варзоб карор дорад, оғоз ёфт.Баҳри иштирок дар он наздики 300 нафар намояндагони маъруфи зиёиёни эҷодкор ва илмӣ аз ҳамаи кишварҳои аъзои ИДМ  ва ҳамчунин намояндагони воломақоми сохторҳои давлатии ин кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ, аз қабили ЮНЕСКО, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва ташкилотҳои зиёди байнидавлатии гуманитарӣ ташриф овардаанд.Баъди ифтитоҳи кори форум, ки таҳти раёсати Ректори Донишгоҳи Давлатии Маскав Виктор Садовничий ҷараён гирифт, сухани ифтитоҳӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дода шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони сершумори форумро ба сарзамини Тоҷикистон хушомадед гуфта, оид ба зарурат ва роҳҳои таҳкиму густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ,  техникию технологии байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва дар баробари он доир ба нигаҳдорӣ ва рушди ҳувияту рангорангии миллӣ андешаҳои ҷолиб баён намуд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи нокифояи ҳамгироиҳои фарҳангӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори таассуф карда, аз ҷумла таъкид дошт: — «Баъзе кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дорои технологияҳои навтарин буда, мекўшанд то тамаддуни муосири технологӣ бунёд созанд ва кишварҳои дигар бошанд, алҳол танҳо дар рў ба рўи сохтмони зербинои ҳалли ояндаи ин масъала қарор доранд».Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон дар кишварҳои пешрафта нерўҳое ҳастанд, ки худхоҳӣ ё худписандии миллии худро пушти афкори муттаҳидсозӣ пинҳон карда, дар асл аз дигарон, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, дурӣ меҷўянд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи лоиҳаи Барномаи Махсуси Навсозии Технологии Тоҷикистон, ки шиораш «Илм, Инноватсия ва Технологияҳои Навин» хоҳад буд, андешаронӣ карда, аз ҷумла, таъкид дошт, ки кишвари мо дар татбиқи он ба ҳамкории босамар бо аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ниёзманд аст. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон тавсиаи доираи иштирокчиёни тадқиқотҳои Фонди Илмҳои Дақиқи Россия аз ҳисоби олимони дигар давлатҳо, дар баробари бисёр тадбирҳои муҳими мухталиф, метавонад омили хуби муттаҳидсозандаи имконоти илмию техникии кишварҳои аъзои ИДМ  гардад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод намуд, ки оид ба таъсис додани Фонди забонҳои миллии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тадбирҳо андешад ва таъкид намуд, ки дастгирии барномаҳои омўзиш ва тарғиби забону  фарҳангҳои миллӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо бояд аз ҳадафу вазифаҳои асосии ин фонд бошад. Баҳри рушди ҳамкорӣ дар чопи китобҳо ва додугирифти байни муассисаҳои табъу нашр Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки лоиҳаи Созишнома дар бораи муҳайёнамоии шароити мувофиқи мубодилаи  маводи чопӣ ва ҳар сол ташкил намудани намоишгоҳи байналмилалии «Санъати чопи китоб» омода карда шавад.Сипас дар қисмати ифтитоҳии форум аз ҷониби намояндагони воломақоми кишварҳои аъзои ИДМ  номаи шодбошии сарони давлатҳо ба иштирокчиёни форум қироат карда шуд, ки ин нишона аз сатҳи баланди баргузории ин ҳамоиши илмию фарҳангӣ ва вуҷуд доштани иродаи баланди сиёсӣ баҳри густариши чунин ҳамкориҳо гувоҳӣ медиҳад.Номаи табрикии Сарвари давлати  Россия Дмитрий Медведев аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Наришкин қироат карда шуд.Номаҳои табрикии сарони дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳои фарҳанг ва илму маориф ва ҳамчунин намояндагони дигари воломақом қироат карда шуд.Сипас байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони маъруфи доираҳои илмию фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.Дар муҳокимарониҳо  Вазири маориф ва илми Қазоқистон Жансеит Тўймебаев,  Вазири фарҳанги Арманистон Асмиг Погосян, Сафири фавқулодда ва мухтори Озарбойҷон дар Федератсияи Россия Полад Булбул, Вазири фарҳанг ва туризми Молдова Артур Козма, Муовини вазири маорифи Беларус Т. Ковалева, Муовини вазири фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон Тамара Обозова, Академики Академияи илмҳои Украина Владислав Гончарук, Котиби генералии Ҷомеаи иқтисодии Евразия Таир Мансуров, намояндаи воломақоми ЮНЕСКО Любава Морева, Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой, Ёвари Президенти Федератсияи Россия Джахан Поллиева ва дигар шахсиятҳои намоён иштирок намуданд.     Аз ҷумла ба ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон оид ба «Соли адабиёт ва хониш» эълон намудани соли 2008, ки натиҷаҳои хуб ба бор меорад, баҳои баланд дода шуд.Ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиёи кишвар оид ба бузургдошти намояндагони барҷастаи илму фарҳанг ва адаби тоҷику форс ва дигар чорабиниҳои бошукўҳи фарҳангӣ, ки ҳар сол дар кишвари мо ба роҳ монда мешаванд, мавриди дастгирию пуштибонӣ қарор гирифт, зеро ба андешаи онҳо бе омўзиши шоистаи гузашта ояндаи худро сохтан бисёр мушкил аст.Баъди анҷоми суханрониҳои қисмати ифтитоҳӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ баҳри саҳми намоён ва арзандаи таҳсинаш дар ташкил додани фазои ягонаи иттилоотии кишварҳои аъзои ИДМ  медали тиллоии «Ниҳоли дўстӣ» тақдим карда шуд, ки аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ширкати байнидавлатии радиотелевизионии «Мир» таъсис ёфтааст.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои пуршукўҳи тантанавӣ Мукофотҳои «Иттиҳоди навкорон»-ро, ки аз ҷониби Форуми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ  таъсис дода шудааст, ба 19 нафар шоирони ҷавон тақдим намуд. Сабаби танҳо ба шоирон тақдим гаштани мукофотҳо дар он аст, ки имсол бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба хотири бузургдошти байналмилалии 1150-солагии одам-уш-шуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Соли адабиёт ва хониш эълон гашта буд.Интизор меравад, ки соли 2009 бо пешниҳоди Форуми мазкур Соли илму инноватсия ва ҷавонони эҷодкор эълон гардад.Бо ҳамин қисмати ифтитоҳии   Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ, ки  дар бўстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дараи зебоманзари афсонавӣ ва хушбодуҳавои  Варзоб ҷараён гирифт, ба анҷом расид.Иштирокчиёни форум аз ширкати бевосита ва суханронии пурмўҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози кори ин ҳамоиши бузурги фарҳангӣ, аз сатҳи баланду бонуфузи он ва аз фазои баргузорию шароити муҳайёгаштаи корӣ изҳори қаноатмандию хушнудӣ карда, аз ҷумла таъкид бар он доштанд, ки форуми мазкур бо натиҷаҳои намоён анҷом ёфта, аз худ нақши арзанда мегузорад.

Сентябрь 18, 2008 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашни Ваҳдати миллиро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашн гирифтанд
«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Иштирокчиёни экспедитсияи «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» пойгоҳи кайҳонавардии Байконурро тамошо карданд
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд