ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТИ МОҲӢ

Сентябрь 16, 2008 10:58

Душанбе, 16 сентябр, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Зимистони сипаришуда барои хоҷагиҳои моҳипарварӣ талафоти зиёд дод. Айни замон дар назди корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» 8 хоҷагии моҳипарварӣ ва 10 хоҷагии хурду калони ба парвариши моҳӣ машғул ба қайд гирифта шудааст. Боиси зикр аст, ки соли ҷорӣ дар натиҷаи хунукиҳои сахти зимистони сипаригардида шумораи зиёди моҳӣ талаф ёфт, аммо ин моҳипарваронро ноумед накард. Корхонаҳои моҳипарварӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, истеҳсоли моҳиро нисбат ба соли 2007 як маротиба зиёд намуданд. То 5 сентябри соли ҷорӣ истеҳсоли моҳӣ дар ҷумҳурӣ ба 80 тонна расонида шуд, ки ин ба 110,4 фоизи иҷрои нақшаи солона баробар мебошад.

Сентябрь 16, 2008 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд