ИСТЕҲСОЛИ ШИР ДАР ХОҶАГИҲО
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир дар давоми моҳи январ- апрели соли 2008 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагӣ ба 108 ҳазору 690 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 4,2 фоиз зиёд аст, иброз доштанд дар Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои аҳолии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 7,7 фоиз, вилояти Хатлон – 7,8 фоиз ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Тавилдара ва ноҳияи Роғун мутаносибан 4,2 , 6,4 3,9 ва 2,9 фоиз афзудааст. Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 91,6 фоизро ташкил менамояд. Шири истеҳсолкардаи хоҷагиҳои аҳолии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 99,9 фоиз, вилояти Суғд 91,9 ва вилояти Хатлон 91 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, 91,4 фоизро ташкил дод.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






