ИСТЕҲСОЛИ ШИР МЕАФЗОЯД
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, истеҳсоли шир дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш аст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир давоми моҳи январ- августи соли ҷорӣ ба 335 ҳазору 764 тонна расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 — 4,3 фоиз зиёд аст. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, истеҳсоли шир дар хоҷагиҳои аҳолии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 16,3%, вилояти Хатлон- 5,5 %, вилояти Суғд 4,0%, зиёд шуд. Таносуби шири истеҳсолшудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 91,5 % — ро ташкил медиҳад. Ба тарзи дигар, истеҳсолкунандаи шир асосан хоҷагиҳои аҳолӣ маҳсуб мешаванд. Танҳо 8 фоизи шири истеҳсолкардашуда дар ҷумҳурӣ ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ рост меояд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






