ИСТЕҲСОЛИ ЗИЁДИ КАРТОШКА БА ТАНЗИМИ НАРХ МУСОИДАТ МЕКУНАД
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Раёсати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки истеҳсоли картошка соли ҷорӣ ба 212 ҳазору 931 тонна расонида мешавад. Мавриди зикр аст, ки соли 2008 дар масоҳати 9623 гектар картошка шинонида шудааст. То 10 сентябр дар ҷумҳурӣ 48 ҳазору 582 тонна картошка истеҳсол карда шуд, ки ин баробари 23 фоизи иҷрои нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ҳосилнокии ҳар гектар замини аз картошка холишуда ба 212 сентнерӣ баробар аст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 аз ҳар як гектар 88 сентнерӣ зиёд мебошад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






