КӮМАК БА МАЪЮБОН
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Намояндагии Созмони «Оперейшн Мерси» дар Тоҷикистон чанд рӯз пеш аз Британияи Кабир 200 аробачаи маъюбӣ ва теъдоди зиёди асобағалҳоро ба пойтахти ҷумҳурӣ ворид сохт. Ҳамоҳангсози созмони мазкур Собирҷон Сафаров зикр намуд, ки аробачаҳо ва асобағалҳоро вазорати тандурустӣ, вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва вазорати маориф дар байни эҳтиёҷмандони тақсим менамоянд. Вай зикр кард, ки то имрӯз ба ҷамъияти маъюбони шаҳри Ваҳдат 30 аробача ва 15 асобағал дода шуд. Аробачаҳо ва асобағалҳо инчунин ба хона – интернатҳои маъюбон дода мешаванд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






