КӮМАКИ ХАЙРИЯ БА ҶОИ ЗИЁРАТИ ХОНАИ ХУДО
Душанбе 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Дасти кӯмаку ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон яке аз арзишҳои волотарини ҷомеаи башарӣ, бахусус анъанаи беҳтарини гузаштагони поктинату озодаи мо — тоҷикон ба шумор меравад. Бо дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар арафаи идҳои миллӣ ба хона-интернатҳои ятимону маъюбон, ки парастории 1364 нафарро ба дӯш доранд, кӯмакҳои гуногуни хайрия расонида мешавад. Мудири бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Фазлиддин Фозилзода ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар арафаи иди Рамазон ба хона-интернатҳои ятимону маъюбон ба маблағи 16 ҳазору 600 сомонӣ хӯрока, ба маблағи 2300 сомонӣ таҷҳизот, 16 ҳазору 424 сомонӣ либос кӯмак расонда ва 22 ҳазору 300 сомонӣ пули нақд ворид гардид. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандони алоҳида бошанд, ба маблағи 57 ҳазору 734 сомонӣ кӯмакҳои хайрия расониданд. Сокини 86-солаи шаҳри Душанбе Абдулло Азимов бо сабаби солхӯрда ва нотавон буданаш ба зиёрати хонаи Худо рафта наметавонад. Бинобар ин қарор додааст, ки 116 сомонӣ нафақаи ҳармоҳаашро, ба ҳисоби хона-интернати кӯдакони ноқисулақли «Чорбоғ» гузаронад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






