КОНФРОНСИ САФИРИ КАБИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧИН

Сентябрь 17, 2008 15:08

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов, раиси Кумитаи миллии параолимпии ҷумҳурӣ Сафар Боев ва иштирокчиёни Бозиҳои олимпии варзишгарони маъюб дар Пекин аз Тоҷикистон дар конфронс иштирок намуданд, ки таҳти унвони «Рафъи мушкилот, тавозуни зиндагӣ ва ширкат дар мусобиқаҳои мӯътабар» дар Пекин баргузор гардид ва 16 сентябр мустақиман ба воситаи Радиои байналмилалии Чин шунавонида шуд. Р.Олимов, С.Боев ва варзишгарони тоҷик баъди анҷоми конфронс бо муовини директори Радиои байналмилалии Чин Ван Минхуа мулоқот карданд. Дипломати тоҷик барои даъвати иштирок дар конфронс ба роҳбарияти радиои байналмилалии Чин изҳори сипос намуд. Вай зикр кард, ки солҳои охир муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин муттасил густариш меёбанд. Ин на танҳо равобити тиҷоратию иқтисодии ҳар ду мамлакатро инъикос менамояд, балки ба туфайли равнақу ривоҷи муносибатҳои дуҷониба варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ бомуваффақият иштирок намуданд.

Сентябрь 17, 2008 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид